Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия хостори ҳамкории Эрон бар зидди шӯришиён шуд


Аҳмет Довутоғлу
Аҳмет Довутоғлу
Туркия мехоҳад, ки Эрон дар мубориза бар зидди шӯришиёни курд ҳамкорӣ кунад. Рӯзи севвум аст, ҳазорон нафар нируҳои Туркия ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии худро дар шимоли Ироқ идома медиҳанд. Аҳмет Довутоғлу-вазири корҳои хориҷии Туркия имрӯз бо Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири корҳои хориҷии Эрон мулоқот ва ҳамкории бештари ду кишвар дар мубориза бо шӯришиёни ҷудоихоҳи курдро баррасӣ кард. Дар гузашта Туркия ва Эрон бар зидди шӯришиёни курд дар манотиқи марзӣ бо Ироқ ҳамлаҳои ҳамоҳангшуда анҷом дода буданд.Чанд рӯз пеш шӯришиёни курд дар ҳамлае 24 сарбози туркро ба қатл расонданд.
XS
SM
MD
LG