Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Лориҷонӣ аз Тоҷикистон идома дорад


Мулоқоти Алӣ Лориҷонӣ бо Шукурҷон Зуҳуров

Имрӯз дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Алӣ Лориҷонӣ-раиси порламони Эрон мулоқот ва ҳамкориҳои миёни ду кишварро баррасӣ кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот аз оғози фаъолияти чархаи аввали ниругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” изҳори сипос кард. Ин ниругоҳ бо кӯмаки молии Эрон сохта мешавад. Алӣ Лориҷонӣ дар нимаи дуввуми 20 октябр барои боздиди дурӯза вориди Тоҷикистон шуд. Як рӯз пеш вай бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ дошт. Имрӯз бо Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG