Пайвандҳои дастрасӣ

Қафқозитабор барои куштани Свиридов гунаҳгор дониста мешавад


Аслан Черкесов

Аслан Черкесов

Ҳайати мунсифаи додгоҳи Маскав як шаҳрванди қафқозитабори Русияро барои куштори як мухлиси рустабори футбол гунаҳгор донист. Соли гузашта ин ҳодиса боиси тазоҳуроти эътрозии нажодӣ дар Маскав шуда буд. 6 декабр дар ҷараёни як моҷарои миёни ҷавонони рус ва муҳоҷирон, ки аслан аз ҷавонони қафқоз буданд, Егор Свиридов ҳадафи тир қарор гирифт. Баъд аз чанд рӯзи ин ҳодиса ҳазорон нафар миллатгароҳои рус ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва ба мардуми ғайриславянӣ ҳамла бурданд. Рӯзи панҷшанбе қозии додгоҳи Маскав гуфт, Аслан Черкесов ва 5 нафари дигар қафқозитаборҳо занозаниро оғоз кардаанд. Гуфта мешавад, Черкесов бераҳмона ба Свиридов тир холӣ кардааст. 5 нафари дигар барои авбошӣ муттаҳам дониста мешаванд.
XS
SM
MD
LG