Пайвандҳои дастрасӣ

Карикатуристи тоҷик ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфт


Як асари карикатурии Фаррух Аҳроров-рӯзноманигор ва рассом аз Хуҷанд ба даври ниҳоии озмуни ҷаҳонии карикатура роҳ ёфтааст. Ин озмунро созмони "Senter for International Рrivate Enterprise"-и Амрико эълон кардааст. Асари рассоми точик аз байни 1000 карикатура миёни беҳтарин даҳ асар дар бахши "Democracy" ҷой гирифтааст. Фаррух Аҳроров дар маҳофили Хуҷанд бештар ҳамчун раҳбари як созмони ҷамъиятии "MGM", ки дар самтҳои ислоҳоти демократӣ таҳқиқ мебарад, шинохта шудааст. Муддате вазифаи сардабирии нашрияи "Согдийская правда"-ро бар ӯхда дошт. Вай хатмкардаи факултаи рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG