Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон: Покистон бояд Толибонро дар хоки худ роҳ надиҳад


Ҳилларӣ Клинтон дар Покистон

Ҳилларӣ Клинтон дар Покистон

Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, кишвараш интизор аст, ки Покистон ба шӯришиёни афғон дар қаламрави худ паноҳгоҳ намедиҳад ва ҳамчунин умедвор аст, ки Покистони “қаввӣ” омили муҳими субот дар минтақа бошад. Хонум Клинтон зимни суханони худ дар Исломобод гуфт, “нируҳои эътилоф ва афғонӣ фишор бар Толибонро дар Афғонистон ва манотиқи марзӣ афзоиш медиҳанд” ва мо умедворем, ки Покистон барои роҳ надодани шӯришиёни афғон дар қаламрави худ қадамҳои ҷиддӣ бардорад ва Толибонро барои музокира ташвиқ кунад. Имрӯз Ҳилларӣ Клинтон бо раҳбарони Покистон мулоқот анҷом дод ва дар мулоқотҳо тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои мубориза бо тундравҳои исломӣ баррасӣ шуд.
XS
SM
MD
LG