Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси видеоии қудратҳо пиромуни буҳрони евро


Барак Обама (Акс аз бойгонӣ)
Барак Обама (Акс аз бойгонӣ)
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар як тамоси видеоӣ бо раҳбарони Фаронсаву Олмон ва Бритониё роҳҳои расидагӣ ба буҳрони минтақаи евроро баҳс кардааст. Кохи Сафед гуфт, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ – ду раҳбари асосии минтақаи евроро “оҷилияти масъаларо пурра дарк мекунанд.” Ин баҳс дар ҳолест, ки кишварҳои узви минтақаи евро то ҳол дар мавриди роҳҳои кумак ба Юнони буҳронзада ва афзоиши ҳаҷми сандуқи наҷоти евро ихтилофи назар доранд. Қарор аст, роҳҳои ҳалли буҳрони евро рӯзи якшанбе дар нишасти сарони ИА баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG