Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбномаи расмӣ алайҳи Арбобсияр ва Шакурӣ


Мансур Арбобсияр
Мансур Арбобсияр
Ҳайъати мунсифаи додгоҳи Ню-Йорк ду эрониро расман ба даст доштан дар талоши сӯъиқасд ба ҷони сафири Саудӣ дар Вошингтон айбдор кард. Мақомоти Амрико ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки аз талоши ду марди марбут ба ниҳодҳои амниятии Эрон барои таҳияи сӯъиқасд ба ҷони сафири Саудӣ Одил Ҷубайр ҷилавгирӣ кардаанд. Мансур Арбобсияр моҳи сентябр дар Ню-Йорк дастгир шуд, вале нафари дуввум – Ғулом Шакурӣ, ки узви Сипоҳи Қудс шинохта шудааст, бовар меравад, ки дар Эрон аст. Интизор меравад, Арбобсияр рӯзи душанбе ба додгоҳи Ню-Йорк эҳзор шавад. Эрон ҳар навъ даст доштанаш дар чунин сӯъиқасдро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG