Пайвандҳои дастрасӣ

ЕТА аз муборизаи мусаллаҳона даст мекашад


Аъзои ЕТА (Акс аз бойгонӣ)

Аъзои ЕТА (Акс аз бойгонӣ)

ЕТА, созмони ҷудоихоҳони баск бо нашри як изҳорот гуфт, ба муборизааш барои истиқлол, ки 43 сол боз идома дошт, поён медиҳад. ЕТА аз Испанияву Фаронса даъват кардааст, ки ба музокирот оғоз кунанд. Изҳороти ин гурӯҳ дар рӯзномаи баскзабони "Gara" нашр шуд.
ЕТА дар моҳи январ эъломи оташбаси доимӣ кард, вале то ҳол муборизаи мусаллаҳонаро ҳамчун василаи расидан ба истиқлоли давлати баскҳо радд накарда буд. Ин як талаби Испания буд. Сарвазири Испания Хосе Запатеро иқдоми ахири ЕТА-ро “пирӯзии демократия” номид. Аз поёни солҳои 60 ба ин сӯ бар асари ҳамлаҳои ЕТА 829 нафар ҷон бохта, ин гурӯҳро Испания, ИА ва Амрико созмони террористӣ эътироф кардаанд.
XS
SM
MD
LG