Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Удалтсовро баъди гуруснанишинӣ ҷавоб доданд


Сергей Удалтсов
Сергей Удалтсов
Як фаъоли мухолиф дар Русияро, ки дар пайи судури ҳукми ҳабси маъмурии 10- рӯзааш гуруснанишинӣ карда буд, дирӯз ба иллати бад шудани вазъи сиҳҳаташ раҳо кардаанд. Сергей Удалтсов, аз раҳбарони Ҷабҳаи чап рӯзи 13 октябр бо ҷурми муқовимат ба пулис маҳкум шуда буд. Аммо ӯ ин ҳукмро ғайриодилона хонда, ба нишони эътироз даст ба як гуруснанишинии хушк зад ва ҳатто об наменӯшид.
Удалтсов аз ташкилдиҳандагони раҳпаймоии эътирозии мавсум ба Рӯзи ғазаб аст, ки рӯзи 12 октябр дар Маскав гузашт. Ӯ дар ҷараёни ҳамин раҳпаймоӣ дастгир ва ба 10 рӯзи зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG