Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як қочоқбари қирғиз бо 20 кило ҳероин


Як шаҳрванди Қирғизистон дар ноҳияи Исфара бо 20 кило ҳероин боздошт шудааст. Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, қочоқбар мехост ин миқдори бузурги ҳероинро тавассути Қирғизистон ба Русия қочоқ кунад. Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, арзиши ҳероини мусодирашуда дар бозори сиёҳи Тоҷикистон 120 000 доллар, вале дар Русия 1,4 миллион доллар аст.
Тайи 9 моҳи аввали сол дар Тоҷикистон 3 тоннаву 529 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 438 кило ҳероин мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG