Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Табдили нақшавии ҳайъати пойгоҳи 201-уми Русия


Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон ба табдили суфуфаш шурӯъ кардааст. Ин барнома дирӯз бо таҳвили 150 сарбоз аз Екатеринбург ба Душанбе оғоз ёфт. Дар маҷмӯъ, қарор аст, 3400 тан аз сарбозону афсарони пойгоҳи Русия иваз шаванд. Сухангӯи пойгоҳи Русия Дмитрий Матушкин аммо гуфт, ки ин табдили нақшавии суфуф буда, афзоиши шумори нирӯҳои Русия дар Тоҷикистонро дар назар надорад.Капитан Матушкин гуфт, теъдоди нирӯҳои пойгоҳи Русия дар ҳамон ҳадди 7000 нафар боқӣ хоҳад монд.
Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон соли 2004 дар заминаи дивизияи 201-уми артиши Русия таъсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG