Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони ҷаҳон аз ҳалокати ҳокими собиқи Либия Муаммар Қаззофӣ истиқбол мекунанд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, кушта шудани Қаззофӣ аз поёни як фасли тӯлонӣ ва пурдард барои мардуми Либия дарак медиҳад. ИА ин рӯйдодро поёни даврони истибдод барои Либия номид. Мақомоти нави Либия мегӯянд, ки Қаззофӣ дирӯз ҳангоми фирор аз зодгоҳаш Сирт кушта шуд. Сарвазири муваққати Либия Маҳмуд Ҷибрил гуфт, рӯзи ҷумъа озодии комили Либия эълон хоҳад шуд. Ба гуфтаи як фармондеҳ, дирӯз дар Сирт писари Қаззофӣ –Мӯътасим низ кушта шуд.
XS
SM
MD
LG