Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоби 5 узви ША ва ҷашнвораи миллионерҳо


Имрӯз, 21 октябр, вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон вориди Душанбе хоҳад шуд. Маҷмаи умумии СММ 5 узви ғайридоимии Шӯрои Амният (ША)-ро интихоб хоҳад кард. Имрӯз дар Остона нишасти дурӯзаи сарони Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон ба поён мерасад. Имрӯз раисиҷумҳури Украина сафараш ба Кубаву Бразилияро шурӯъ мекунад. Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ имрӯз дар Урдун масоили рушди иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар ҷаҳони Арабро баҳс хоҳад кард. 21 октябри соли 1950 тасарруфи Тибет аз сӯи Чин оғоз ёфт. Ва имрӯз дар Маскав ҷашнвораи миллионерҳо ифтитоҳ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG