Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон вориди Покистон шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷи Амрико вориди Исломобод шуд. Интизор меравад ӯ аз раҳбарони Покистон қотеъона бихоҳад ҳамкорӣ бо тундравонеро, бас кунанд, ки ба нерӯҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон ҳамла мекунанд. Пеш аз вурудиаш ба Исломобод, хонум Клинтон дар шаҳри Кобул, бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон мулоқот кард. Ҳомиди Карзай гуфт:"Ба эътиқоди мо, Толибон ба ҳадди бисёр зиёде аз тарафи сохторҳои Покистон контрол мешаванд, дар Покистон ҳастанд, дар онҷо қароргоҳ доранд ва аз Покистон амалиётҳои худро анҷом медиҳанд." Аммо айни замон хонум Клинтон гуфт, ҳамкории Покистон барои истиқрори сулҳ дар Афғонистон фавқуллода муҳим аст. Ӯ афзуд, ки ба Покистон башиддат фишор хоҳад овард, то тундравонро нобуд кунад. Дар Афғонистон хонум Клинтон гуфт, барои хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон дари музокирот бо Толибон боз аст.
XS
SM
MD
LG