Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пофишории хабарнигорони арманӣ ба ислоҳи як қонун


Сардабирони ҳашт рӯзномаи мӯътабари Арманистон аз талошҳо барои лағви банди тӯҳмату бӯҳтон аз қонунҳои ин кишвар ҳимоят кардаанд. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, ҳафтаи гузашта Карен Андреасиён, ваколатдори ҳуқуқи инсони Арманистон аз Додгоҳи қонуни асосӣ хостааст, банди тӯҳмату бӯҳтон дар Кодекси шаҳрвандии Арманистонро бознигарӣ ва онро ғайриқонунӣ эълом кунад. Агарчӣ соли гузашта, бо ислоҳи ин кодекс, барои бӯҳтон танҳо ҷазои маъмурӣ таъйин карданд, аммо ҷаримаҳои бузург барои чунин қонуншиканӣ муқарар шуд. Аз он сол то кунун 15 мавриди ба додгоҳ кашидани хабарнигорону рӯзнома дар Арманистон сабт шудааст. Сардабирони рӯзномаҳои арманӣ дар баёнияи муштараке гуфтаанд, мақомоти расмӣ бо истифода аз ин банди қонун, мехоҳанд, матбуотро нафсагир ва хабарнигоронро ба худсонсурӣ маҷбур кунанд.
XS
SM
MD
LG