Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи гӯри дастаҷамъӣ дар шимоли Афғонистон


Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар шимоли Афғонистон як гӯри дастаҷамъӣ пайдо кардаанд. Файз Муҳаммад Тавҳидӣ, сухангӯи волии Тахор, гуфт, гӯри дастаҷамъиро сокини як деҳаи ноҳияи Рустоқ дар Тахор кашф кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, то кунун аз гӯр аз 20 то 30 ҷасадро ёфтаанд ва зоҳиран ин гӯр аз даҳсолаҳо пеш аст. Таҳқиқ дар ин замина идома доштааст.
XS
SM
MD
LG