Пайвандҳои дастрасӣ

Лужков дар бораи "ҷойивазкунӣ"-и Путину Медведев


Юрий Лужков, шаҳрдори пешини Маскав

Юрий Лужков, шаҳрдори пешини Маскав

Юрий Лужков пас аз як соли барканории худ мегӯяд, медонад, ки кадоме аз зердастонаш ӯро “фурӯхтааст”.

Шаҳрдори мустаъфии Маскав дар сӯҳбати худ бо бахши русии Радиои Озодӣ ба ояндаи ҳизби “Единая Россия” ё “Русияи Воҳид” то андозае дилсардона баҳо дод ва гуфт: “Единая Россия” бо Медведев ва ё бе Медведев сабақи ҷиддӣ хоҳад гирифт ва ба таври ҷиддӣ раъйи ҷонибдоронашро аз даст медиҳад. Барои он ки “Единая Россия” ҳизби ҳукумат нест, аз мардум дифоъ накардааст. Ҳизб хидматгори ҳукумату дафтари раёсати ҷумҳурӣ буд.”

Нуктаи ҷолиб ин аст, ки Лужков на танҳо яке аз раҳбарони ин ҳизб буд, балки яке аз созмондиҳандагони он буд ва замоне ин ҳизбро тарк кард, ки ӯро аз мақоми шаҳрдории Маскав барканор сохтанд. Баъд аз тарки ҳизб вай бо ишора ба ҳамҳизбонаш гуфт, ки онҳо “ҷанги иттилоотӣ”-еро, ки бар зиддаш шурӯъ шуда буд, пешгирӣ накарданд ва ин “ҷанг” саранҷом ба барканориаш поён ёфт.


Ба гуфтаи вай, ҳоло ҳизб эътибори худро аз даст медиҳад ва ононе, ки дар раъси ҳизб қарор доранд, аз лиҳози тавоноиву созмондиҳӣ ва фикрӣ заифанд. Оқои Лужков дар бораи “ҷойивазкунӣ”-и пешбинишудаи раҳбарони сиёсии Русия изҳори назар кард ва аз ин пешгӯиҳо чунин бармеояд, ки вай ба халалнопазирии тандеми Путин-Медведев боварии зиёд надорад.

Ба вижа баъд аз он ки Медведев аз курсии раёсати ҷумҳурӣ ба курсии нахустввзирӣ менишинад: “Он чӣ ба ин равиш дахл дорад, он аст, ки додани раёсат ба Путин ҳадди ақал дурусттар аст, нисбат ба он ки Медведев дубора ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ шавад. Медведев дар ҳалли масъалаҳои кишвар ноуҳдабароии худро нишон дод. Метавонам бигӯям, ки пешниҳоди Медведев ба мақоми нахуствазирӣ барои Русия он гуна манфӣ хоҳад буд, ки ҳоло дар раёсати ҷумҳуриаш мушоҳида мешавад. Медведев дар сатҳи олии давлатӣ барои ҳалли масъалаҳои кишвар омода нест. Ин на танҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, балки ба мақоми нахуствазирӣ низ дахл дорад. Медведев нахуствазири бисёр заифе хоҳад буд. Ҳоло барои Русия ин кор зарур аст, ки бо иваз кардани ҳукумат ва раёсати ҷумҳурӣ дар раҳбарии ҳукумат одаме гузошта шавад, ки иқтисоди кишварро эҳё кунад. На бо пули газу нафту захоири табиӣ, балки бо маҳсулоти оддӣ дар истеҳсолоти маъмулӣ. Аз ҳисоби маҳсулоти кишварзӣ гирифта, то мошинҳову ҳавопаймоҳо ва киштиҳову фаровардаҳои электронӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи мардум, дору ва амсоли он ки мо амалан ҳамаи онро аз даст додаем. Мо дар тавлидоти маъмулии кишоварзӣ 70 дарсад пойбанди маҳсулоти хориҷӣ ҳастем. Вале бубинед, барои он ҳам ҳамон пуле сарф мешавад, ки давлат аз фурӯши нафт ба даст меорад.”

Аз оқои Лужков пурсида шуд, ки ба бовари вай Дмитрий Медведев дар ҳар ҳолат курсии нахуствазириро соҳиб хоҳад шуд, албатта, бидуни дарназардошти он, ки ҳизби “Единая Россия” дар интихобот чӣ мавқеъро ишғол хоҳад кард?

Лужков чунин посух дод: “Бубинед, дар ин маврид масъала боз ҳам метавонад ба вафодории тандеми сиёсӣ ва эътибори Путин иртибот дошта бошад. Вале ин эътибори нахуствазир нахоҳад буд, ки битавонад масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодро ҳал кунад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG