Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муаммар Қаззофӣ кушта шудааст


Маҳмуд Ҷабраил, нахуствазири муваққати Либия гуфт, Муаммар Қаззофӣ, раҳбари суқуткардаи ин кишвар кушта шудааст. Ӯ дар ки раҳбари шӯрои миллии гузори Либия аст, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Троблус, гуфт , “мо муддати тӯлонӣ мунтазири ин лаҳза будем. “ Ба гуфтаи Маҳмуд Шаммом, вазири иттилоъот, Муаммар Қаззофӣ, ҳангоми фирор аз зодгоҳаш шаҳри Сирт кушта шуд. Телевизиони Ал-Ҷазира ҷасади оғушта ба хунеро нишон дод, ки ба Қаззофӣ монанд буд ва ӯро рӯи замин мекашиданд. Ба гуфтаи телевизиони Либия ӯ зимни боздошт захмӣ шуда ва ҷон додааст. Фармондеҳони шӯрои миллии гузор гуфтанд, ҷасади писари Қаззофӣ, Мӯътасимро низ дар шаҳри Сирт пайдо кардаанд. Роланд Лавуа, сухангӯи НАТО таъйид кард, ки имрӯз ҳавопаймои НАТО як корвони мошинҳои ҳаводорони Қаззофиро дар Сирт ҳадаф гирифтааст. Қаззофӣ, ки 42 сол дар Либия ҳукумат мекард, моҳи август баъди ишғоли шаҳри Троблус пойтахти Либия суқут кард
XS
SM
MD
LG