Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон бо Ҳомиди Карзай мулоқот мекунад


Қарор аст, имрӯз Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико имрӯз бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон мулоқот кунад. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, Ҳилларӣ Клинтон дар ин мулоқот ба тааҳуди Амрико аз мусолиҳаи сиёсӣ дар Афғонистон, аз ҷумла бо Толибон ва тақвияти ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бо тундравон дар Покистон таъкид кунад. Сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки бо қатли Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар моҳи пеш, талошҳои музокирот бо Толибон зери шубҳа рафтааст. Хабаргузории Ассосиейтед Пресс мегӯяд, Ҳилларӣ Клинтон аз Кобул ба хотири дидору гуфтӯгу бо раҳбарони Покистон ба Исломобод хоҳад рафт ва ӯро Дейвид Петреус, мудири Маркази Истихборотии Амрико ва дигар мақомоти баландпоя ҳамроҳӣ мекунанд. Интизор меравад, хонум Клинтон ба Душанбе низ сафар кунад.
XS
SM
MD
LG