Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон дар интизори як рӯзи дигари ҳарҷу марҷ


Юнони дармонда дар бӯҳрони молӣ ба як рӯзи дигари ҳарҷу марҷ омода мешавад, зеро қарор аст, имрӯз порлумон қарори дарднок барои мардумро қабул кунад, ки як роҳи ҷилавгирӣ аз варшикастагии молии Юнон аст. Рӯзи чаҳоршанбе шаҳри Афина пойтахти Юнон шоҳиди тазоҳуроти густурда ва ҳамчунин исёну ғоратгарӣ шуд ва ҷавонони хашмгин низ бо маъмурони пулис бархӯрд карданд. Қарор аст, имрӯз коршикании саросарӣ дар Юнон идома кунад, ки дирӯз хадамоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла лағви парвози ҳавопаймоҳо ҳаракати нақлиёт ва кори бонку фурӯшгоҳҳоро ба ҳам зад. Тазоҳурот дар Юнон дар рӯзе сурат мегирад, ки интизор меравад, порлумони Юнон, барномаи коҳиши хароҷоти давлатӣ ва афзоиши молиётро тасвиб кунад, як шарти гирифтани 8 миллиард евро кӯмаки молӣ аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул аст.
XS
SM
MD
LG