Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сартарошидаҳои русро ба зиндон маҳкум карданд


Додгоҳи шаҳри Маскав, як гурӯҳи сартарошидаҳоро ба ҳамла ва қатли муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гунаҳкор дониста ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Дар баёнияи расмӣ, ки дар торнамои додгоҳ нашр шудааст, гуфта мешавад, Николай Кузмишёв, Владимир Гурбанов ва Юрий Ляшенко, дар тӯли солҳои 2007 ва 2008 ба шаҳрвандони Ӯзбакистону Тоҷикистон ва Туркманистон дарафтода ва онҳоро бераҳмона латукӯб карда ва теғ задаанд. Ба гуфтаи додгоҳ, яке аз “тӯъмаи сартарошидаҳо” шаҳрванди Туркманистон бар асари ҷароҳатҳои зиёд фавтидааст. Додгоҳ ин гурӯҳро ба барангехтани адовати миллӣ ва қатл гунаҳкор дониста ва Николай Кузмишёвро ба 24, Владимир Гурбановро, ба 23 ва Юрий Ляшенкоро ба 17 соли зиндон маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG