Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Шикори гарм”. Ҳамлаи Туркия ба пойгоҳҳои ПКК


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия

Нерӯҳои Туркия таҳти ҳимояти ҳавопаймоҳову чархболҳои ҷангӣ вориди шимоли Ироқ шудаанд.

Ин амалиёти ҷавобӣ ҳамагӣ чанд соат баъд аз шабехунҳои чирикиҳои курд, ки 24 сарбози туркро кушта ба ҷо гузошт, оғоз ёфт. Ҳамлаҳои дирӯза дар ҳошияи марзи Туркияву Ироқ дар чанд соли охир пурқурбонитарин амалиёти чирикиҳои курд дар Туркия дониста мешавад.

Гуфта мешавад, ба посгоҳҳои низомӣ ва истгоҳҳои пулиси Туркия чирикиҳои марбут ба ПКК - Ҳизби коргарии Курдистон ҳамла кардаанд. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар пайи ин ҳамалоти хунин сафараш ба Қазоқистон ба манзури ширкат дар нахустин иҷлоси сарон дар чаҳорчӯби Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабонро лағв кард.

Эрдуғон гуфт, Туркия ба «шикори гарм»-и чирикиҳои курд мепардозад. Ин таъбир дар забони мақомоти Туркия маъмулан ба маънои роҳандозии амалиёти низомии фаромарзӣ дар шимоли Ироқ аст. Ба бовари мақомоти Анкара, аксари гурӯҳҳои чирикии курд дар манотиқи кӯҳистонии шимоли Ироқ пойгоҳ доранд ва аз ҳаминҷо ҳамалоти худ алайҳи Туркияро тарроҳӣ мекунанд.

Абдуллоҳ Гул, раисиҷумҳури Туркия
Абдуллоҳ Гул, раисиҷумҳури Туркия
Раисиҷумҳури Туркия Абдуллоҳ Гул, ки бо хабарнигорон дар Истамбул сӯҳбат мекард, низ чирикиҳоро аз посухи «хеле бузург» ҳушдор дод: "Касеро набояд инро фаромӯш кунад: Онҳое, ки ба мо ин зарбаро заданд, дучори зарбаи бамаротиб шадидтар хоҳанд шуд. Онҳое, ки гумон доранд, давлати моро бо чунин ҳамлаҳо заиф хоҳанд кард, ё гумон доранд, ки давлати моро ба роҳи худ хоҳанд андохт, ба чашми худ хоҳанд дид, ки интиқоми ин ҳамлаҳо хеле бузург ва бамаротиб шадидтар хоҳад буд."

Телевизиони туркии NTV хабар дод, ки нерӯҳои артиш ва коммандоси Туркия 4 километр дохили умқи қаламрави Ироқ шудаанд. Ҳизби коргарии Курдистон гуфтааст, даргириҳо дар ду минтақаи алоҳида дар ҳошияи марзи Туркияву Ироқ сурат гирифтаанд.

Бо ин ҳол, ҳамлаҳои хунини дирӯза мавҷи маҳкумиятҳои байналмилалиро ба бор овард. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама куштори сарбозонро “ҳамлаи хашмовари террористӣ” номид ва маҳкум кард. Туркия танҳо кишвари мусалмонии узви паймони низомии НАТО мебошад ва дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен низ ин амали хушунатомези чирикиҳои курдро маҳкум кард.

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар як баёния аз Ироқу Туркия даъват кард, ба хотири пайдо кардани як роҳи хатми ҳамлаҳои фаромарзии чирикиҳои курд, ки ӯ “ғайриқобилиқабул”-аш номид, ҳамкорӣ кунанд. Курдҳо бузургтарин ақалияти қавмӣ дар Туркия маҳсуб шуда, 18 дарсад аз 67 миллион ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд. Вале курдҳо то ин авохир дар Туркия ба маҳрумиятҳои зиёди забониву фарҳангӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ буданд, ки ин заминаи бо талаби истиқлол ё мухторият ба мубориза бархостани гурӯҳҳои мухталифи курдӣ шудааст.

Дар ҷараёни муборизаи мусаллаҳонаи ҷудоиталабони курд алайҳи давлати Туркия аз соли 1984 ба ин сӯ, бино ба ҳисобҳо, беш аз 40 000 нафар кушта шудаанд. ПКК як гурӯҳи ҷангии марксистимаоб аст, ки барои истиқлоли Курдистони Туркия меҷангад ва ин гурӯҳро Туркия, Амрико ва ИА гурӯҳи террористӣ эътироф кардаанд. Раҳбари ПКК Абдуллоҳ Оҷалон соли 1999 боздошт ва дар Туркия ба қатл маҳкум шуд, вале ҳукми ӯро баъдан ба ҳабси умрбод иваз карданд.

Пиромуни хушунатҳои ахири Туркия гуфтугӯе доштем бо Род Шаҳидӣ, таҳлилгари масоили Туркия дар Радиои Фардо ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки ҳамлаҳои дирӯза то куҷо ҳисобшуда буд?

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG