Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон: "Дари музокирот бо Толибон ҳанӯз боз аст"


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико

Ҳилларӣ Клинтон пас аз дидораш бо Ҳомид Карзай гуфт, дари музокирот бо Толибон ҳанӯз баста нашудааст.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, гуфт, дари музокирот бо Толибон боз аст, вале агар ҳамкорӣ накунанд, ҳамлаҳо ба онҳо идома хоҳад ёфт.

Хонум Клинтон дар ин бора пас аз мулоқоташ бо Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон дар шаҳри Кобул сухан гуфт. Ӯ афзуд, музокирот бо Толибон бояд бахше аз раванди сулҳ дар Афғонистон бошад, ки солҳои ахир ба пешрафт ноил шудааст.

Вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ба зарурати ҳимояти ҳамсоякишварҳои Афғонистон, бахусус Покистон аз ин раванд таъкид кард ва аз раҳбарони Покистон хост, тундавони паноҳёфта дар он кишварро нобуд кунанд. Сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки бо қатли Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар моҳи пеш, талошҳои музокирот бо Толибон зери шубҳа рафтааст.

Ҳилларӣ Клинтон аз Кобул ба хотири дидору гуфтӯгу бо раҳбарони Покистон ба Исломобод хоҳад рафт. Вазири умури хориҷаи Амрико, Ҳилларӣ Клинтон, қабл аз он ки ба Афғонистн сафар кунад, ба Либия рафта ва дар Троблус рӯи ташкили ҳукумати интиқолӣ бо мақомот сӯҳбатҳое дошт.

Бино ба хабарҳо, қарор аст, вазири хориҷаи Амрико ба зудӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, низ бишавад. Интизор меравад, роҳҳои расидан ба сулҳу оштӣ дар Афғонистон ва вазъи равобити Тоҷикистону Амрико аз мавзӯъҳои асосии музокироти ӯ бо раҳбарони Тоҷикистон дар Душанбе бошад.

Вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида бо занони фаъоли афғон гуфтугӯ мекунад. Сафорати Амрико дар Кобул, 20 октябри соли 2011

Вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида бо занони фаъоли афғон гуфтугӯ мекунад. Сафорати Амрико дар Кобул, 20 октябри соли 2011

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG