Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон - дар пешорӯи ҳарҷумарҷу эътирозҳои бештар


Интизор меравад, имрӯз, ки дар парлумони Юнон раъйгирии барномаи номаҳбуби коҳиши масрафот доир хоҳад шуд, ин кишвар ба ҳарҷумарҷи бештар рӯбарӯ шавад. Ҳадаф аз ин райъгирӣ таҳияи шароит барои дарёфти бастаи нави 8-миллиарддолларии кумаки ИА ва Сандуқи байналмилалии пул ба хотири аз вартаи варшикастагии молӣ раҳондани Юнон аст. Дирӯз Афина дар ҷараёни эътирозҳое, ки мунҷар ба даргирии байни ҷавонон ва пулис шуд, шоҳиди силсилаи ошӯбҳову ғоратгариҳо шуд. Мақомот мегӯянд, дар хушунатҳои дирӯза 50 маъмури пулис ҷароҳат бардошт. Бо ин ҳол, имрӯз рӯзи дуввуми корпартоии саросарӣ дар Юнон аст.
XS
SM
MD
LG