Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия бо сарбозони кушташудааш видоъ мекунад


Эрдуғон

Эрдуғон

Имрӯз дар шаҳри Ван дар шарқи Туркия расми видоъ бо 24 сарбозе, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои дирӯзаи чирикиҳои курд кушта шуданд, доир хоҳад шуд. Туркия мегӯяд, нирӯҳояш чирикиҳои масъул дар қатли асокирашро дар шимоли Ироқ таъқиб мекунанд.
Раисиҷумҳури Туркия Абдуллоҳ Гул гуфт, интиқоми хуни ин 24 сарбоз барои ПКК – Ҳизби коргарии Курдистон- “хеле бузург” хоҳад буд. Сарвазири Туркия Раҷаб Эрдуғон дар пайи ҳамлаҳои дирӯза, ки аз пурқурбонитарин ҳамлаҳои чирикиҳои курд дар солҳои охир дониста мешавад, сафараш ба Қазоқистонро лағв кард ва ба таъқиби чирикиҳо фармон дод. Амрикову ИА, НАТО ва Ироқ ҳамлаҳои дирӯзаи чирикиҳои курдро маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG