Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мерони 81-сола раиси Додгоҳи Ҳейг интихоб шуд


Қозии 81-солаи амрикоӣ Теодор Мерон раиси Додгоҳи аз сӯи СММ ташкилшудаи ҷиноёти ҷанги Югославияи пешин интихоб шуд. СММ гуфт, раёсати дусолаи Мерон аз 17 ноябр шурӯъ хоҳад шуд. Ӯ дар мақоми раиси ин додгоҳи мустақар дар Ҳейги Ҳолланд Патрик Робинсон аз Ямайкаро иваз мекунад. Додгоҳи раҳбари собиқи сербҳои Босния Радован Караҷич ва фармондеҳи собиқи ин сербҳо Ратко Младич аз муҳимтарин додгоҳҳоест, ки бояд дар давраи раёсати Теодор Мерон такмил шаванд. Ӯ аз соли 2001 қозии додгоҳи байналмилалӣ буда, алакай як дафъа раиси он интихоб шуда буд.
XS
SM
MD
LG