Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ба хуруҷи нирӯҳояш аз Афғонистон оғоз кард


Сарбозони фаронсавӣ қабл аз хуруҷ дар фурудгоҳи Кобул
Сарбозони фаронсавӣ қабл аз хуруҷ дар фурудгоҳи Кобул
Ҳудуди 200 сарбози Фаронса тарки Кобул карданд. Онҳо нахустин гурӯҳ аз нирӯҳои фаронсавианд, ки дар чорчӯби барномаи хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон берун кашида шуданд. Фаронса дар Афғонистон 4500 сарбоз дорад ва мехоҳад то поёни соли 2012 онҳоро берун бикашад. Барномаи хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон, қарор аст, то поёни соли 2014 такмил шавад. Вазири дифоъи Фаронса Жерар Лонге гуфт, то поёни соли ҷорӣ то 1000 сарбози фаронсавӣ тарки Афғонистон хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG