Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Брунӣ барои Саркозӣ духтар таваллуд кард


Брунӣ ва Саркозӣ (акс аз соли 2007)

Брунӣ ва Саркозӣ (акс аз соли 2007)

Хабарҳои расида аз Порис ҳокист, ки ҳамсари раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ духтар зодааст. Модели собиқ Карла Брунии 43-сола рӯзи чоршанбе дар як зоишгоҳи хусусии пойтахти Фаронса таваллуд кард. Дар таърихи муосири Фаронса Саркозӣ нахустин президентест, ки дар давраи раёсаташ соҳиби фарзанд шуд.
Ин нахустин фарзанди умумии Брунӣ ва Саркозии 56-сола аст. Аммо Брунӣ то издивоҷ бо Саркозӣ дар соли 2008 як фарзанд дошт. Шавҳари ӯ аз ду издивоҷи қаблиаш 3 писар дорад.
XS
SM
MD
LG