Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои Туркия вориди шимоли Ироқ шудаанд


Эрдуғон
Эрдуғон
Нирӯҳои Туркия таҳти ҳимояти ҳавопаймоҳову чархболҳо амалиётеро алайҳи чирикиҳои курд дар шимоли Ироқ оғоз кард. Ин амалиёт ҳамагӣ чанд соат баъд аз кушта шудани 24 сарбози Туркия аз сӯи чирикиҳои ПКК - Ҳизби коргарии Курдистон – оғоз ёфт. Матбуоти Туркия мегӯяд, нирӯҳо то 4 километр ба хоки Ироқ амиқ рафтаанд. Сарвазири Туркия Раҷаб Эрдуғон дар пайи ин ҳамлаҳо сафараш ба Қазоқистонро лағв кард. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен ҳамалоти хунини дирӯзаи чирикиҳои курдро маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG