Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон имрӯз вориди Душанбе хоҳад шуд


Клинтон дар фурудгоҳи Кобул
Клинтон дар фурудгоҳи Кобул
Бино ба хабарҳо, қарор аст, имрӯз вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон вориди Душанбе шавад. Бино ба хабарҳо, роҳҳои расидан ба сулҳу оштӣ дар Афғонистон ва вазъи равобити Тоҷикистону Амрико аз мавзӯъҳои асосии музокироти ӯ бо раҳбарони Тоҷикистон дар Душанбе хоҳад шуд. Клинтон дирӯз дар идомаи силсиласафари ҷаҳониаш, ки аз Либияву Уммон оғоз ёфт, вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд ва имрӯз бо раиси он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай мулоқот мекунад. Як ҳадафи Клинтон ба талошҳои оштӣ ташвиқ кардани раҳбарони Афғонистон аст. Ин талошҳо баъди қатли Бурҳонуддин Раббонӣ дар моҳи сентябр дучори чолиш шуд.
XS
SM
MD
LG