Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011, шоми 19-уми октябр ба анҷом расиданд.

Бозии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт бо тими "Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 3:3 анҷом ёфт.

Голҳоро аз дастаи мизбон - «Истиқол» Александр Кудряшов, дақиқаи 15, Фарҳод Тоҳиров(ду гол - дақиқаҳои 27 ва 34) ба самар расонданд. Як голи «Энергетик»-ро Габриел Донта дар дақиқаи 17-ум ва ду голи дигарро Самад Шоҳзуҳуров дар нимаи дуввуми дидор, дар дақиқаҳои 77 ва 84 ( аз ҷаримаи ёздаҳметра) ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи мизбон «Вахш»-и Қурғонтеппа дар варзишгоҳи «Пахтакор» бар тими «Регар»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голро дар дақиқаи панҷум Назиршо Ризомов, капитани «Вахш» вориди дарвозаи меҳмонон кард.

Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 22-юми октябр баргузор мешавадн. Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2011 дар бозии ниҳоӣ, ки 26-уми октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»и шаҳри Қурғонтеппа барпо мегардад, муайян хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG