Пайвандҳои дастрасӣ

Руминия ба бунёди сипар мухолиф нест


Президенти Руминия Троян Басеску дар бораи сипари зиддимушакӣ сӯҳбат дорад

Президенти Руминия Троян Басеску дар бораи сипари зиддимушакӣ сӯҳбат дорад

Ҳукумати Руминия лоиҳаи қонунеро, ки бунёди сипари зидди мушакҳои баллистикӣ (байниқоравӣ)-и ИМА-ро мадди назар дорад, тасвиб кард.
Моҳи сентябр Руминия ва ИМА мувофиқат карданд, ки дар пойгоҳи Девеселу, воқеъ дар назди марзи Руминия бо Булғористон, бахше аз сипари зиддимушакии ИМА-ро мустақар кунанд. Акнун парламенти Руминия ҳам бояд то охири сол ин санадро ба тасвиб расонад.
Пойгоҳи Руминия яке аз чор бахши сипари зиддимушакии ИМА аст, ки аз тарафи маъмурияти президенти ИМА Барак Обама дар соли 2009-ум матраҳ шуда буд. Русия ба бунёди ин сипар мухолиф аст.
XS
SM
MD
LG