Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия масъулони куштори сарбозонро ҷустуҷӯ дорад


Нишасти матбуотии Раҷаб Тайййиб Эрдуғон дар Анкара

Нишасти матбуотии Раҷаб Тайййиб Эрдуғон дар Анкара

Баъди куштори беш аз бист сарбозу афсари полиси Туркия аз тарафи ошӯбгарони курд сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, Туркия масъулони ҳамларо ҷустуҷӯ дорад. Эрдуғон тафсилоти бештар надод, вале таъкид кард, ки амалиёт бар зидди ошӯбгарон бар пояи қонунҳои байналмилалӣ сурат хоҳад гирифт. Эрдуғон ахбори пештара дар бораи 26 қурбониро тасдиқ накард ва афзуд, ки дар ин ҳамла 24 сарбозу афсари полис кушта шудаанд. Сарвазири Туркия зиёраташ аз Қазоқистонро лағв кард. Ин бузургтарин ҳамлаи ошӯбгарони курд дар ҳафт соли ахир ба шумор меравад.
Президенти ИМА Барак Обама ҳамларо ҳамчун амали террористӣ маҳкум кард.
Дабири клли паймони НАТО Андерс Фогг Расмуссен ҳам ҳамлаи ошӯбгарони курдро маҳкум намуд.
Расонаҳои Туркия таъкид менамоянд, ки сарбозони туркӣ ба хоки Ироқ дохил шуда, бо кумаки ҳавопаймоҳо масъулони ҳамларо таъқиб мекунанд.
Ошӯби ҷудоихоҳони курд дар соли 1984 оғоз ёфта, дар ин муддат ҳаёти беш аз 40 ҳазор нафарро аз байн бурдааст. Туркия, Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА Ҳизби коргари Курдистонро созмони террористӣ унвон додаанд.
XS
SM
MD
LG