Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистонро ба Иттиҳоди гумрукӣ даъват карданд


Омурбек Бабанов-сарпарасти мақоми сарвазири Қирғизистон
Омурбек Бабанов-сарпарасти мақоми сарвазири Қирғизистон
Имрӯз Русия, Беларус ва Қазоқистон эълон карданд, ки омодаанд Қирғизистонро ба ҳайси узви чорум ба Иттиҳоди гумрукиашон қабул кунанд. Иҷрокунандаи мақоми сарвазири Қирғизистон Омурбек Бабанов гуфт, ин қарор дар анҷоми ҷаласаи сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё эълон шуд. Ӯ афзуд, ки ба зудӣ гурӯҳи кории Иттиҳоди гумрукӣ ташкил мешавад. Дар ҳар сурат мӯҳлати қабули узвияти Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ошкор нашудааст. Мансабдорони қирғиз борҳо гуфтаанд, ки аз вуруди кишварашон ба ин Иттиҳод пуштибонӣ мекунанд, вале онҳо ҳамчунон афзудаанд, ки эҳтимол кишварашон то оғози соли 2012-ум ба ин узвият омода нашавад. Тоҷикистон ҳам ба узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ таваҷҷӯҳ нишон додааст.
XS
SM
MD
LG