Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали покистонӣ мухолифи машварат аз хориҷ аст


Генерал Ашфақ Каёнӣ-фармондеҳи артиши Покистон.
Генерал Ашфақ Каёнӣ-фармондеҳи артиши Покистон.
Мақоми баландпояи артиши Покистон ба аъзои парламенти кишвараш гуфтааст, ИМА бояд дар фикри ором намудани Афғонистон бошанд, на фишор болои Исломобод дар масъалаи амалиёт бар зидди гурӯҳҳои ҷангҷӯй.
Генерал Ашфақ Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон, мегӯяд, Покистон худаш ҳал хоҳад кард, ки оё ҳамлаи васеъмиқёс болои Шимоли Вазиристон зарур аст ва агар зарур бошад, он кай ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Хадамотии кашфи мамолики ғарбӣ мегӯянд, Шимоли Вазиристон паноҳгоҳи ҷангҷӯён буда, онҳо аз ин минтақаи Покистон ба Афғонистон гузашта, болои сарбозони зери раҳбарии паймони НАТО ҳамла мекунанд.
XS
SM
MD
LG