Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Покистону Қирғизистон барои узвият дар Шӯрои Амният


Мунир Акрам мутмаин аст, ки Покистон дар раъйгирӣ пирӯз мешавад
Мунир Акрам мутмаин аст, ки Покистон дар раъйгирӣ пирӯз мешавад

Рӯзи 21 октябр панҷ кишвар барои ба даст овардани узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ талош хоҳанд кард.

Покистону Қирғизистон аз ҷумлаи он кишварҳо мебошанд, ки барои соҳиб шудан ба курсии кишварҳои Осиёву Араб изҳори омодагӣ кардаанд.

Қирғизистон аз соли 1992 ба унвони давлати мустақил хоҳиши соҳибӣ ба яке аз курсиҳои аъзои Шӯрои амнияти СММ-ро кардааст, вале барои нахустин бор аст, ки ба таври расмӣ дар раъйгирӣ иштирок мекунад. Дар муқобил Покистон қарор гирифтааст, ки шашумин давлати серҷамъиятӣ ҷаҳон буда, аз соли 1947 ба ин сӯ шаш дафъа ба мӯҳлати ду сол ба унвони узви ин шӯро фаъолият кардааст.

Исломобод яке аз кишварҳои аслии саҳим дар ҳайати посдорони сулҳи СММ буда, ба назар мерасад, шонси бештари ба даст овардани раъйро дорад. Вале равобити ахиран харобшудаи Покистон бо ИМА, ки Исломободро дар муборизаҳои нокофӣ зидди ҷангиёну террористон муттаҳам кардааст, метавонад дар тасмимгирии рӯзи шанбе нақши ҳалкунанда бозӣ кунад.

Қирғизистон танҳо давлатест, ки мизбони якбора ду пойгоҳи низомии давлатҳои хориҷӣ – ИМА ва Русия буда, барои нахустин бор дар таърихи ин кишвар, аз ҷониби як сиёсатмадори зан раҳбарӣ мешавад. Вале соли гузашта ин кишвар дучори низоъҳои пурхушунати байниқавмӣ гардид, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ интиқоди зиёд шунид.

Ба назар мерасад, Покистон, ки шадидан хостори курсии узвият дар Шӯрои амният аст, вазири хориҷаашро рӯзи 18 октябр ба Бишкек сафарбар кард, то ки ин ҷумҳурии воқеъ дар Осиёи Марказиро водор кунад номзадиашро аз раъйгирӣ пас бигирад. Вале баъди мулоқоти хонум Ҳино Раббонӣ Кҳар бо президент Роза Отунбоева, маълум шуд, ки ин талош бенатиҷа будааст. Чанд соат баъди анҷоми сафари ҳайати покистонӣ, Отунбоева изҳороте пахш кард, ки дар он номзадии Қирғизистон дар сабқати Шӯрои Амният таъкид шуд.

Талош барои ба даст овардани курсӣ дар Шӯрои Амният, аз назари дипломатҳо, пеш аз ҳама маънои ба даст овардани нуфузи сиёсиву дипломатии он кишвар арзёбӣ мешавад. Дар ин бора Мунир Акрам, ки аз соли 2002 то 2008 намояндаи доимии Покистон дар СММ будааст, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт ва афзуд, ки мақоми мазкур нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ боло мебарад ва аз ин рӯ, ӯ шонси пирӯзии кишварашро хеле баланд арзёбӣ мекунад:


“Покистон як давлати азим аст ва манофеи миллии он ҳам бо масоили мавриди таваҷҷӯҳи Шӯрои амният хеле мувофиқ ҳастанд. Қирғизистон ҳеҷ гоҳ дар сулҳу суботи байналмилалӣ саҳми муҳиме надоштааст. Покистон саҳмгузори калони нирӯҳои ҳофизи сулҳ будааст. Дар муқоисаи нақше, ки ин ду кишвар доштаанд, мақоми Покистон маҳкам ва рӯшан аст”.

Дар навбати худ Талайбек Қодиров, намояндаи доимии Қирғизистон
Талайбек Қодиров
Талайбек Қодиров
дар СММ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд қарор гирифтан дар муқобили як рақиби қавӣ осон нест, вале шонси кишвараш барои бурдани ҷое дар Шӯрои амният аз назару ӯ хуб аст:

“Ҳар сол мо шумори муайяни сарбозони нерӯҳои посдори сулҳамонро ба кишварҳои африқоӣ сафарбар мекунем. Мо дар масъалаи бунёди сулҳ таҷрибаи муайяне гирифтем. Саҳми азими мо инчунин дар бахши дипломатияи пешгирикунанда гузошта шудааст. Шумо медонед, ки дар Ашқобод маркази дипломатияи пешгирикунанда амал мекунад. Инчунин, дар бахши барқарорсозии баъдиҷангӣ ҳам мо таҷрибаҳое андӯхтаем.”


Сафир афзуд, ки дар сурати интихобшавии Қирғизистон, ки тақрибан панҷу ним миллион аҳолӣ дорад, ин давлат аз манфиатҳои кишварҳои хурд ва дар хушкӣ ҷойгирифтаи узви СММ ҳимоят хоҳад кард. Вай мегӯяд, ки беш аз нисфи кишварҳои узви СММ давлатҳои хурде ҳастанд, ки ба обу баҳр дастрасӣ надоранд, вале манфиатҳои муштарак дошта ҷонибдори рушду пуштибонии ҳамдигар мебошанд.

Барои ба даст овардани курсии узвияти Шӯрои Амният тарафдории аз се ду ҳиссаи овози 193 узви СММ лозим аст, ки дар раъйгирӣ иштирок мекунанд. Ҳеҷ кишваре ҳақи ветогузории раъйгириро надорад.
XS
SM
MD
LG