Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯришиёни курд 26 сарбози Туркияро куштанд


Чирикҳои Ҳизби Коргарони Курдистон

Чирикҳои Ҳизби Коргарони Курдистон

Мақомоти амниятии Туркия мегӯянд, ки шӯришиёни курд бомдоди чаҳоршанбе 26 нафар сарбозони ин кишварро куштаанд.

Ин гурӯҳи мусаллаҳ ҳанӯз масъулияти ин ҳамларо напазируфтаанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ки қарор буд ба Қазоқистон сафар кунад, ба ин далел сафари худро лағв кардааст.

Мақомоти амниятии Туркия ба хабаргузории Ройтерз гуфтаанд, ки дастикам 18 сарбози дигари ин кишвар дар ин ҳамла захмӣ шудаанд.
Ин ҳамла дар шаҳри Чукурҷо дар вилояти Ҳокор, воқеъ дар марзи Туркия ва Ироқ рух додааст.

Ба дунболи ин ҳамла, нерӯҳои артиши Туркия чирикҳои курдро таҳти таъқиб қарордода ва вориди хоки Ироқ шудаанд.

Ин ҳамла як рӯз пас аз он сурат мегирад, ки панҷ маъмури пулис ва се ғайринизомӣ аз ҷумла як кӯдаки ду сола дар таркиши як бомбаи канори роҳӣ дар наздикии вилояти Билтис дар Туркия ҷон бохтанд.

Чирикҳои ҷудоиталаби курд ҳамлаҳо дар наздикии марзи Туркия ва Ироқ дар ҷануб-шарқи Туркияро дар моҳҳои гузашта афзоиш дода ва аз январи соли ҷорӣ то ба ҳол беш аз 500 маъмури амниятии Туркияро куштаанд.

Артиши Туркия низ пойгоҳҳои шӯришиёни курдро дар шимоли Ироқ бамборон кардааст.

Ҳизби Коргарони Курдистон, ки хоҳони истиқоли манотиқи курднишин аст, аз соли 1986 муборизаи мусаллаҳона алайҳи давлати Туркияро оғоз кардааст.

Ҳизби Коргарони Курдистон аз сӯи Туркия, Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Эрон дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG