Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз ва коршикании 48-соата дар Юнон


Раҳпаймоӣ дар Юнон
Раҳпаймоӣ дар Юнон
Имрӯз даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътирозашон ба чораҳои фавқулодаи ҳукумати Юнон дар кӯчаҳои шаҳри Афина раҳпаймоӣ кардаанд. Ҳамчунон имрӯз коргарони юнонӣ коршикании 48-соата эълон карданд. Дар ҳоле ки парламенти Юнон ба арзёбии чораҳои иловагии рафъи бӯҳрон омодагӣ мегирад, ду иттиҳодияи касабаи Юнон ба коршикании умумӣ даъват кардаанд.
Чораҳои иловагии ҳукумат афзоиши андоз, коҳиши маош ва ихтисори ҷойҳои кориро мадди назар дорад. Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул талаб кардаанд, ки Юнон ин чораҳоро амалӣ кунад, то ба маблағҳои ин созмонҳо дастрасӣ пайдо намуда, аз варшикастагии молӣ раҳо гардад.
XS
SM
MD
LG