Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 26 низомиву афсари полис дар Туркия


 Президенти Туркия Абдуллоҳ Гул дар посгоҳи низомии вилояти Ҳаккории ҳаммарз бо Ироқ
Президенти Туркия Абдуллоҳ Гул дар посгоҳи низомии вилояти Ҳаккории ҳаммарз бо Ироқ
Бар асари як ҳамла болои нерӯҳои амниятӣ дар ҷанубу шарқи Туркия камаш 26 сарбоз ва афсари полис ба ҳалокат расидаанд. Мақомот ошӯбгарони курдро масъули ҳамла мешуморанд.
Расонаҳои маҳаллии Туркия менависанд, ки дар ҳамлаи ҷангҷӯёни Ҳизби коргари Курдистон болои посгоҳҳои низомиву полиси вилояти Ҳаккории ҳаммарз бо Ироқ ҳамчунон 16 сарбози дигар ҷароҳат бардоштаанд. Тӯли чандин соли ахир чунин ҳамлаи бузург болои нерӯҳои амниятии Туркия рӯй надода буд.
Расонаҳои Туркия таъкид менамоянд, ки сарбозони туркӣ ба хоки Ироқ дохил шуда, бо кумаки ҳавопаймоҳо масъулони ҳамларо таъқиб мекунанд.
Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон сафараш ба Қазоқистонро лағв кардааст. Ошӯби ҷудоихоҳони курд дар соли 1984 оғоз ёфта, дар ин муддат ҳаёти беш аз 40 ҳазор нафарро аз байн бурдааст.
Туркия, Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА Ҳизби коргари Курдистонро созмони террористӣ унвон додаанд.
XS
SM
MD
LG