Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Озарбойҷон ба Қазоқистон меравад


Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо ҳамсараш Меҳрибон Алиева
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо ҳамсараш Меҳрибон Алиева
Имрӯз сафари дурӯзаи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Қазоқистон оғоз хоҳад ёфт. Сафири Қазоқистон дар Озарбойҷон Серик Примбетов мегӯяд, дар музокироти президент Алиев бо раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имкони содироти маводи сӯхти Қазоқистон тавассути қаламрави Озарбойҷон баррасӣ мешавад. Бар илова ду кишвар эҳтимоли азсаргирии содироти нафт тавассути лӯлаи Боку-Тбилисӣ-Ҷайҳунро арзёбӣ мекунанд. Моҳи феврали соли 2010-ум Қазоқистон бо ишора ба таъоруфаҳои гарон интиқоли нафт ба ин лӯларо мутаваққиф кардааст. Қазоқистон мехоҳад содироти нафт аз кони Қашағанро дар соли 2013-ум шурӯъ намояд. Дар ҷараёни боздидаш аз Қазоқистон президенти Озарбойҷон дар мулоқоти сарони кишварҳои туркзабон низ иштирок хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG