Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

11 маҳбуси собиқи фаластинӣ ба Туркия рафтаанд


Имрӯз 11 фаластинии раҳошуда аз зиндонҳои исроилӣ вориди хоки Туркия шуданд. Онҳо бар пояи табодули як сарбози исроилӣ бо садҳо маҳбуси фаластинӣ озод шудаанд. Сарбози исроилӣ Гилад Шалит панҷ солро дар асорати гурӯҳи Ҳамос дар минтақаи Ғазза сипарӣ кардааст. Тибқи мувофиқат тахминан 40 фаластинӣ бояд ба Туркия, Сурия ва Қатар фиристода шаванд. Имрӯз як ҳавопаймои хусусӣ даҳ мард ва як занро аз Қоҳира ба Анкара интиқол дод. Дар майдони ҳавоии пойтахти Туркия ин гурӯҳи маҳбусони собиқро сафири фаластинӣ ва мансабдорони Туркия пешвоз гирифтанд.
XS
SM
MD
LG