Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми ветеранӣ ба собиқадорони ҷанги Тоҷикистон


Думаи давлатии Русия мақоми иштирокдорони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1992-97-ро ба мақоми собиқадорони ҷанг баробар кард.

Бар асоси тағйироти ворида ба Қонуни собиқадорон, акнун ширкат дар ҷанги Тоҷикистон низ ба аскарону сарбозони артиши Русия имтиёзи ветеранӣ хоҳад дод.

Бино ба ҳисобҳо, ин қонун тақрибан ба 33 600 нафар мақоми собиқадори ҷангро эъто мекунад. Дар низоъҳои мусаллаҳонаи солҳои 90 дар Тоҷикистон воҳидҳои дивизияи 201-ум ва ҳам нирӯҳои марзбониву амниятии Русия дахил буданд. Ба иддаои мухолифин, онҳо ошкоро аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят мекарданд.

Лоиҳаи қонун дар Думаи давлатии Русия ҳанӯз моҳи сентябри соли ҷорӣ пешниҳод ва мавриди арзёбии вакилон қарор гирифта буд. Ин имтиёзҳо нафақаи болотари бознишастагӣ, дастрасии содатар барои соҳиб шудан ба манзил, истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ, пардохти арзонтари хидматгузориҳои коммуналӣ ба мисли пули барқ, об, телефон, таъмири манзилро дар бар мегиранд. Гуфта мешавад бо ин тасмим давлати Русия ӯҳдадориҳояш дар назди сарбозонро, ки дар манотиқи доғ хизмат кардаанд, ба иҷро мерасонад.

Дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 бар изофаи артиши 201, Русия ҳамчунин марзҳои Тоҷикистонро назорат мекард. Нерӯҳои марзбонии Русия борҳо бо нерӯҳои мухолифини тоҷик вориди даргирӣ шудаанд ва хисороти ҷонӣ низ доштанд. Афзун бар ин, дар ин солҳо бахше аз нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон бо дархости ҳукумати Тоҷикистон рисолати Нерӯҳои посдори сулҳро иҷро мекарданд.

Дар замони муқовиматҳои дохилӣ дар Тоҷикистон 302 низомии ин кишвар кушта ва ҳудуди 400 тани дигар захм бардоштаанд
XS
SM
MD
LG