Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳодияи Аврупо сафари раисиҷумҳури Украина Виктор Януковичро “ то пеш омадани шароити беҳтар” ба таъхир гузошт.

Қарор буд, Янукович рӯзи 20 октябр дар Брюссел бо президенти ИА Ҳерман Ван Ромпуй ва раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо масоили марбут ба азми Киев барои ҳамоиши бештар бо ин созмони қораиро баҳс кунад. Дар шарҳи ИА ишораи мустақиме ба қазияи раҳбари мухолифини Украина Юлия Тимошенко нест, вале таърихчаи сардии ахири уфтода дар равобити Брюсселу Киев ва ҳам дар охирин лаҳза ба таъхир уфтодани боздиди раҳбари Украина ҳокист, ки лағви сафари Янукович як навъ посухест ба 7 сол ҳукми зиндони сарвазири собиқи Украина.

ТАЪХИР "ТО ПЕШ ОМАДАНИ ШАРОИТИ БЕҲТАР..."

Майя Косиянчич, сухангӯи идораи сиёсати хориҷии ИА гуфт, боздиди Янукович вақте сурат хоҳад гирифт, ки “шароит барои пешрафт дар равобити дуҷониба пурсамартар шавад”.

Косиянчич рӯзи сешанбе дар Брюссел ба хабарнигорон гуфт, тасмими ба таъхир андохтани сафари раисиҷумҳури Украинаро Ромпуй ва Баррозо гирифтаанд: “Президентҳо шоми имрӯз қарор карданд, ки ин дидор ба як замони дертар ба таъхир андохта шавад. То замоне, ки шароит барои пешрафт дар равобити дуҷониба пурсамартар хоҳад шуд. Шумо медонед, ки мақсад расидагӣ ба масоили бозмонда дар музокироти кунунӣ бар сари Паймони мушорикат буд ва арзёбии мо чунин аст, ки шароити феълӣ барои чунин пешрафт созгор нест.”

Бо ин ҳол, кадом таърихи наве барои боздиди Янукович аз қароргоҳи ИА дар Брюссел эълон нашудааст. Равобити ИА бо Украина дар пайи ҳукми ҳафтаи гузашта содиршудаи Юлия Тимошенко, ки бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба ҳангоми имзои қарордоди ду сол пеши газ бо Русия ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, ба сардӣ гароид. ИА гуфтааст, хостори дидани “пешрафт” дар мавриди Тимошенко ва таъмини ҳукми қонун дар Украина аст.

"УКРАИНА ПОЙБАНДИ ТААҲҲУДОТИ ХУД АСТ"

Виктор Янукович дар нахустин вокуниш ба лағви сафараш ба Брюссел гуфт, кишвари ӯ ҳамчунон ба имзои Паймони мушорикат бо ИА манфиатдор аст. Имзои чунин паймон қадами аввали кишварҳо дар роҳи тӯлонии расидан ба узвияти ин созмони мӯътабари қораист. Янукович, ки дар Донетск дар пайи мулоқот бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев сӯҳбат мекард, гуфт, Киев омода ҳаст, назари Брюсселро шунавад. Ӯ афзуд, агар дидгоҳи худи ИА тағйир наёбад, Украина ба азмаш пойбанд боқӣ монда, аз роҳ ба сӯи Аврупо бар нахоҳад гашт.

Равобити Украина бо ИА дар ҳоле дучори бунбаст мешавад, ки Янукович умедвор буд, Украина то поёни соли равон ба имзои Паймони мушорикат бо ин созмон даст ёфта, то 10 соли оянда тамоми мароҳили боқимонда то расидан ба узвияти ИА-ро тай кунад.

МАВҚЕИ ЭҲТИЁТКОРОНАИ МАСКАВ

Ва дар ҳоле, ки ИА дар пайи судури ҳукми зиндони Юлия Тимошенко чунин мавзеъгирии тундро дунбол кардааст, Маскав баръакс дидгоҳаш ба ин қазияро нармтар мекунад. Дмитрий Медведев, ки ба манзури ширкат дар як ҳамоиши бузурги тиҷории Русияву Украина дар Донетск ба сар мебарад, ҳукми раҳбари мухолифини Украинаро “масъалаи дохилии ин кишвар” унвон кард. Медведев муҳтотона изҳори умедворӣ кард, ки ҳукми додгоҳҳои Украина бар пояи қонун буда, кадом ангезаи сиёсӣ ё зиддирусӣ надорад.

Чунин ба назар мерасад, ки Маскав мехоҳад ин бор ҳам аз сардии уфтода байни Брюсселу Киев ба манфиати худ истифода кунад. Вале сари ин ришта дар дасти Виктор Янукович аст, ки баъди чунин “шаппотӣ”-и рӯиросте, ки аз Брюссел ба рӯяш заданд, пушт ба Аврупо гардонда, рӯ ба Маскав хоҳад овард, ё хайр?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG