Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти Исломобод барои музокирот бо чирикиҳо


Раҳмон Малик
Раҳмон Малик
Вазири дохилаи Покистон гуфт, давлат барои музокирот бо гурӯҳҳои ҷангӣ омода ҳаст, вале ба ин шарт ки онҳо пеш аз оғози гуфтугӯ силоҳҳои худро ба замин гузоранд. Раҳмон Малик гуфт, давлати Покистон аз созмонҳои мамнӯъ ва чирикӣ паёмҳое бо пешниҳоди оштӣ гирифтааст. Малик, ки дар Балуҷистон – яке аз вилоёти мушкилзои Покистон сӯҳбат мекард, аз ифшои исми ин гурӯҳҳо худдорӣ кард ва гуфт, ин “комилан маҳрамона” аст.
XS
SM
MD
LG