Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Русия ба озмоиши мушакҳои Амрико


Патрик ОРейлӣ
Патрик ОРейлӣ
Вошингтон аз Русия даъват кард, то озмоишҳои мушакии Амрикоро бо истифода аз таҷҳизоти худаш, аз ҷумла бо радарҳои русӣ таҳқиқ кунад. Мудири Ожонси дифоъи мушакии Пентагон генерал Патрик ОРейлӣ гуфт, чунин иқдом Маскавро итминони хотир хоҳад дод, ки ин мушакҳои хеле хурд ҳомили кадом таҳдид ба мушакҳои раҳбурдии мустақар дар дохили Русия нестанд. Эллен Таушер, муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури назорати таслиҳот ва амнияти байналмилалӣ гуфт, Вошингтон дар садади ба Маскав додани тазмини хаттист, ки шабакаи мушакие, ки дар Аврупо сохта мешавад, алайҳи Русия нест.
XS
SM
MD
LG