Пайвандҳои дастрасӣ

Лондон ҳисобҳои бонкии 5 гумонбарро баст


Мансур Арбобсияр

Мансур Арбобсияр

Бритониё ҳисобҳои бонкии 5 нафар, бо шумули 2 гумонбар дар қасди куштани сафири Саудӣ дар Амрикоро мунҷамид кард. Ин феҳраст ҳарду гумонбар дар ин сӯъиқасд – Мансур Арбобсияри 56-сола, ки ҳам шаҳрвандии Амрико ва ҳам шиносномаи эронӣ дошт, ва Ғулом Шакуриро, ки бовар меравад, узви гурӯҳи Қудс буда, ба Эрон паноҳ бурдааст, дар бар мегирад. Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг ба Ройтерс гуфт, интизор дорад, ки боқӣ аъзои ИА низ чунин иқдом хоҳанд кард. Вазорати дороии Амрико ҳисобҳои ин афродро ҳафтае пеш баста буд. Эрон тавассути сафораташ дар Лондон бори дигар гумонҳо дар бораи даст доштанаш дар чунин сӯъиқасдро шадидан радд кард.
XS
SM
MD
LG