Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруснанишинӣ бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ


Орзуманд Маҷидлӣ

Орзуманд Маҷидлӣ

8 фаъоли мухолифини Озарбойҷон бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ дар Боку даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Ин эътирозро чанд рӯз пеш волидони ду ҷавоне, ки бо ҷурми ширкат дар як тазоҳуроти моҳи апрел ҳукми зиндон гирифтанд, оғоз карданд. Вале баъди бад шудани аҳволи Орзуманд Маҷидлӣ ва Иброҳим Ҳоҷибойлӣ онҳоро 4 тан аз фаъолон иваз карданд. Дирӯз ба онҳо 4 фаъоли дигар ҳамроҳ шуд. Гуруснанишинии эътирозии ин 8 нафар дар дафтари ҳизби мухолифи Мусовот идома дорад. Танҳо дар иртикоби тазоҳуроти моҳи апрел 14 нафар зиндонӣ шуда, даҳҳо фаъоли дигар бо ҷароими дигари сиёсӣ дар Озарбойҷон ба зиндон афканда шудаанд.
XS
SM
MD
LG