Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби Паймони тиҷорати озод аз сӯи 8 кишвар


Владимир Путин
Владимир Путин
8 кишвари шӯравии собиқ дар Санкт-Петербурги Русия Паймони минтақаи тиҷорати озодро тасвиб карданд. Зери ин санад сарвазирони Русияву Украина, Беларусу Молдова, Қазоқистону Қирғизистон ва Арманистону Тоҷикистон имзо кардаанд. Сарвазири Русия Владимир Путин гуфт, Озарбойҷону Узбакистон ва Туркманистон мавзӯи пайвастан ба ин паймонро то поёни сол хоҳанд омӯхт. Путин гуфт, ин паймон лағви бархе боҷу хироҷҳои гумрукиро дар пай хоҳад дошт.
Русия аз соли 2010 ба содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон боҷи гумрукӣ эъмол кардааст, ки боиси афзоиши шадиди нархи маводи сӯхт дар ин кишвар шуд.
XS
SM
MD
LG