Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми ветеранӣ ба собиқадорони ҷанги Тоҷикистон


Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия мақоми иштирокдорони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997-ро ба мақоми собиқадорони ҷанг баробар кард. Бар асоси тағйироти ворида ба Қонуни собиқадорон акнун ширкат дар ҷанги Тоҷикистон низ ба аскарону сарбозони артиши Русия имтиёзи ветеранӣ хоҳад дод.
Бино ба ҳисобҳо, ин қонун тақрибан ба 33 600 нафар мақоми собиқадори ҷангро эъто мекунад. Дар низоъҳои мусаллаҳонаи солҳои 90 дар Тоҷикистон воҳидҳои дивизияи 201-ум ва ҳам нирӯҳои марзбониву амниятии Русия дахил буданд. Ба иддаои мухолифин, онҳо ошкоро аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят мекарданд.
XS
SM
MD
LG