Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко рӯзи 27 октябр вориди Душанбе мешавад


Аляксандр Лукашенка
Аляксандр Лукашенка
Сафари расмии раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка ба Тоҷикистон рӯзи 27 октябр оғоз хоҳад ёфт. Бино ба гузориши “Азия Плюс”, тайи ин сафар имзои чанд қарордод, аз ҷумла Созишнома ва барномаи ҳамкориҳои ду кишвар барои солҳои 2011- 2020, дар назар дошта шудааст. Бино ба омори расмӣ, мизони табодули молу коло байни Тоҷикистону Беларус дар 9 моҳи соли равон 52,8 миллион долларро ташкил додааст, ки назар ба як соли қабл 47,7 дарсад бештар аст. Аммо воридоти молҳои Беларус назар ба содироти молҳои Тоҷикистон 4,5 маротиба бештар будааст.
XS
SM
MD
LG